Абдуазиз Карим-овозхон ва оҳансози машҳури Узбакистон дар давоми даҳ моҳ шаҳрвандии Туркияро дарёфт кардааст. Аҳмад Довутуғлу-нахуствазири Туркия дар бора шахсан 29 март ба Абдуазиз нома фиристодааст.
Дар номаи нахуствазири Туркия гуфта мешавад, ки ба ин шаҳрванди 41 солаи Узбакистон ба таври истисноӣ шаҳрвандии Туркия дода мешавад.
Аҳмад Довутуғлу ба адреси электронии овозхон нома фиристодааст ва сипас ёвари нахуствазир вайро телефонӣ табрик кардааст.
Бино ба муқаррароти Туркия, хориҷиён танҳо дар давоми панҷ сол метавонанд шаҳрвандии ин кишварро бигиранд, агар дар он на камтар аз 5 сол зиндагӣ карда бошанд.
Абдуазиз “ҳунарманди шоистаи Узбакистон” аст ва баъд аз мамнӯъ шудани пахши таронаҳояш дар радио ва телевизион Узбакистонро моҳи маи соли 2015 тарк кард. Вай бештар ба таронаҳое оҳанг меофарад ва иҷро мекунад, ки ба равияи сӯфиёна наздик аст.