Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи мусоҳибаи ахири ҳунарманди номдори Ӯзбекистон Райҳон Ғаниева бо яке аз нашрияҳои интернетӣ баҳсҳое доғеро шурӯъ карданд.
Сабаби чунин баҳсҳо эътирофи Райҳон Ғаниева шуд, ки гуфт, ба сабаби синну солаш омӯхтани забони ӯзбекӣ барояш душвор аст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин Райҳонро сарзаниш карданд, ки набераи корманди машҳури кинои ӯзбек Набӣ Ғаниев забони ӯзбекиро намедонад. Бархе аз онҳо навиштаанд, ки овозхон бо таблиғи надонистани забони ӯзбекӣ “ӯзбекҳоро паст мезанад”. Бархеи дигар аз корбарони Facebook ёдовар шудаанд, ки қонун донистани забони ӯзбекиро барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳатмӣ кардааст.
Ҷонибдорони Райҳон дар посух навиштаанд, ки “донистан ё надонистани забони давлатӣ аз тарафи овозхон муҳим нест” ва аз ин кор “иқтисоди Ӯзбекистон бадтар намешавад”.
“Ӯзбекистон кишвари гуногунмиллат аст. Дар ин ҷо на танҳо ӯзбекҳо, балкӣ яҳудиҳо, туркманҳо, тоҷикон ва намояндаҳои миллатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Дар мо сарояндаҳои миллатҳои дигар низ ҳастанд, аммо онҳо ба забони ӯзбекӣ овозхонӣ мекунанд. Масалан, агар шумо ба Самарқанд равед, дар он ҷо ҳама ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд. Нафароне низ ҳастанд, ки забони ӯзбекиро намедонанд. Аммо ҳамаи онҳо ба забони давлатӣ, яъне забони ӯзбекӣ суруд мехонанд. Онҳо дар атрофи худ мухлисонашонро ҷамъ карда, муҳаббати худро ба халқ нишон медиҳанд. Барои ҳамин шарт нест, ки онҳо доимо ба забони ӯзбекӣ ҳарф зананд”, - мегӯяд овозхони ӯзбек Азиза Ниёзматова.
Дар Ӯзбекистон соли 1989 Қонуни забони давлатӣ қабул карда шуд, ки тибқи он забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ гирифт. Баъд аз эълони истиқлолият ба ин қонун чанд ислоҳ ва иловаҳо ворид карда шуданд, ки аз назари қонунӣ мақоми забони давлатиро боз ҳам тақвият доданд.