Ибораи “Қирғизистон кишвари кӯҳсор аст” – шиори асосии пешбурди кишвар дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ хоҳад шуд. Ин нуқка дар ҷаласаи ҳукуматӣ зимни муаррифии Барномаи рушди сайёҳӣ дар солҳои 2016-2020 баён карда шуд.
Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба ин ақида аст, ки ҳоло дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ниёзи зиёд ба ҷаҳонгардии саргузаштӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи вай, Қирғизистон маҳз ин гуна кишвар шуда метавонад, зеро дар ҷумҳурӣ миқдори зиёди муассисаҳои диданбоби фарҳангӣ ва табиӣ вуҷуд доранд.
Пештар иттилоъ дода шуда буд, ки шаҳрвандони 66 кишвари ҷаҳон метавонанд бе гирифтани виза ба Қирғизистон сафар кунанд.
Дар охири соли гузашта рӯзномаи британиягии The Guardian дар бораи беҳтар будани кӯҳнавардӣ дар Қирғизистон матлабе чоп карда буд. Дар аввали соли ҷорӣ рӯзномаи дигари британиягии Financial Times Қирғизистонро ба рӯйхати 7 кишвари ҷаззобтарин барои саёҳат ворид кард.
Ҳамчунин сомонаи хабарии байналмилалии Business Insider дар матлаби наваш Қирғизистонро ба рӯйхати 12 кишвари сайёҳӣ ворид кард, ки ҷаҳонгардон аз бояд дар соли 2016 дидан кунанд.
Ба иттилои ширкатҳои сайёҳии Русия, дар соли 2016 Қиғизистон барои ҷаҳонгардии шаҳрвандони рус яке аз беҳтарин масирҳои сайёҳӣ аст. Интизор меравад, ки дар соли ҷорӣ беш аз 100 ҳазор сайёҳи рус аз Қирғизистон дидан мекунанд.