Ноиб-сарвазири Русия Дмитрий Козак ҳамдастии худ дар идораи ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск дар ҷанубу шарқи Украинаро рад кард.
Дар шарҳи матлаби нашрияи олмонии Bild, ки дар бораи идораи пинҳонии Луҳанску Донест аз Москва навишта буд, сухангӯи Козак гуфт, дар сомонаи ҳукумати Русия вазифаҳои Козак номбар шудааст ва он ҷо ҳарфе дар бораи идораи минтақаҳои хориҷ аз Русия нест.
Дар сомонаи Bild таҳқиқоти рӯзноманигор нашр шуд, ки шеваи идораи минтақаҳои ҷудоихоҳи Украинаро ошкор мекунад. Ба вижа, санади ҷаласаи Думаи давлатии Русия дар бораи расонидани кумаки башарӣ ба сокинони минтақаҳои ҷанубу ғарбии Донетску Лаҳанск нашр шудааст. Дар ин ҳуҷҷатҳо гуфта шудааст, ки идораи Донестку Луҳанск миёни шаш гуруҳи корӣ аз панҷ вазорати Русия тақсим шудааст.
Миёни онҳое, ки ба таври пӯшида ин минтақаҳоро идора мекунанд, якеашон Дмитрий Козак, ноиб-сарвазири Русия ва муовинони вазири рушди иқтисодӣ ва молиявӣ - Сергей Назаров ва Леонид Горнин ҳастанд. Кори девони соягиро, тавре нашрия менависад, Хадамоти федероли кашф ё ФСБ идора мекунад.