Пулиси Боку Акрам Айлислӣ-нависанди шинохтаи Озарбойҷонро дар фурудгоҳи байналмиллалии ин шаҳр барои муддати кӯтоҳ боздошт ва аз сафар ба ҷашнвораи адабии Италия пешгирӣ кард.
Вазорати корҳои дохилаи Озарбойҷон гуфт, ки Айлислии 78 сола дар робита бо “як ҳодиса” дар фурудгоҳ боздошт шудааст. Вазорат дар бораи боздошт бештар аз ин чизе нагуфтааст.
Ба қавли Наҷаф Наибов-писари Айлислӣ, посбонони фурудгоҳ гуфтаанд, ки падараш иҷозаи сафар ба хориҷро надоштааст. Айлислӣ аз соли 2012 ба ин сӯ баъд аз чопи асараш бо номи “Санги орзӯҳо” зери фишори ҳукумат қарор дорад. Ин асар ба ҷанги миёни Озарбойҷону Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳистонӣ ихтисос дорад.
Баъд аз чопи ин асар вайро аз унвони ифтихории Нависандаи мардумӣ ва нафақаи президентӣ маҳрум карданд. Вайро ҳамчунин аз узвияти Иттиҳодияи Нависандагони Озарбойҷон берун карданд.
Соли 2013 як ҳизби ҷонибдори ҳукумат барои кандани як гӯши Айлислӣ 12 ҳазору 700 доллар ҷоиза эълон кард.