Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30 март ба тағйироти кадрияш идома дод. Бар асоси ин тағйирот, Маҳмадтоир Зокирзода аз мақоми вазири кишоварзӣ озод ва муовини нахуствазир таъин шудааст. Ҳоло ба ҷойи ӯ Иззатулло Сатторӣ омадааст, ки то ин вақт президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон буд.
Маҳмадтоир Зокирзода соли гузашта ба вазорати кишоварзии Тоҷикистон омада буд. Ӯ дар гузашта дар мақоми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ кор карда, ҳамзамон раҳбарии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаи марз бо Қирғизистонро бар ӯҳда дошт.
Бар асоси фармонҳои дигари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҷабалӣ Аҳмадзода аз мақоми раиси шаҳри Хуҷанд барканор ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин шудааст. Ҳоло маълум нест, раиси, инак, собиқи Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода чӣ вазифа гирифтааст. Шариф Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардидааст, ки то ин вақт раиси шаҳри Роғун буд.
Дар идомаи ин тағйирот, Саидалии Сиддиқ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон озод ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" таъин шудааст. Мудири пешини "Ховар" Заробиддин Қосимӣ рӯзи 29 март сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ таъин гардид. Қурбоналӣ Файзуллозода директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод" шуда, раҳбари пешаинаш Ёқуб Исмоилзода ба вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии дастгоҳи иҷроияи президент рафтааст.
Як рӯз пештар аз ин бо фармонҳои раисиҷумҳур дар баъзе аз намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон тағйирот сурат гирифт. Дар пайи он Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Чин ва ба ҷои ӯ Музаффар Ҳусейнов таъин гардид. Ҳусейнов то ибтидои моҳи март дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Узбакистон ифои вазифа мекард.
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, ҳамзамон намояндаи кишвар дар Арманистон ва Зоҳир Саидов сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон таъин шудаанд.
Тағйироти кадрӣ дар мақомҳои баланду миёнаи ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ идома дорад. Аммо то кунун ин тағйирот бештар ба ҷойивазкунии ҳамон як гурӯҳи мансабдорони собиқадори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштани онҳо шабоҳат дошт.
Аз пурсарусадотарин мавридҳои таъиноти кадрии имсола интисоби рӯзи 2 феврали додситони кулли собиқ Шерхон Салимзода, аз курсии раиси Иттифоқҳои касаба ба мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир буд. Генерал Рустам Назаров, ки 16 сол боз, аз рӯзи таъсиси ин Оҷонсӣ бо ҳамагӣ чанд моҳ фосила дар соли 2004, ки курсии ӯро ба генерали ҳоло зиндонӣ Ғаффор Мирзоев (Ғаффор-Седой) дода буданд, раҳбари ин идора буд, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таъин шуд.
Дигар мавриди пурсарусадо дар тағйироти кадрии имсола таъини духтари президент Озода Раҳмон ба мақоми раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар таърихи 27 январ буд.