Дар Палмира 150 бомб безарар гардонда шуд

Мақомоти Сурия мегӯянд, мутахассисон 150 бомбу минаи дар шаҳри бостонии Палмира гузоштаи гурӯҳи “Давлатии исломӣ”-ро безарар гардониданд. Дар ин бора раиси Раёсати осори бостонӣ ва осорхонаҳои Сурия Маъмун Абдулкарим рӯзи 29 март ба Ассошиейтед Пресс хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи фаннӣ баъд аз ду рӯзи кор дар Палмира ба Димишқ баргашт. Нерӯҳои ҳукуматии Сурия баъд аз се ҳафтаи даргириҳои шадид рӯзи 27 март шаҳри Палмираро аз мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” пурра озод карданд.

Маъмун Абдулкарим афзуд, мутахассисон дарёфтанд, ки бисёр ёдгориҳои таърихӣ осеб дидаанд. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар моҳи майи соли гузашта шаҳри Палмираро тасарруф намуда, чандин ёдгории бостонӣ, аз ҷумла, маъбади “Бел”, бузургтарин ибодатгоҳҳои бостонӣ дар Ховари Миёна ва маъбади “Баъли шамин”-ро хароб кард.

ЮНЕСКО, Созмони илму маориф ва фарҳанги СММ, тахриби ёдгорҳои таърихии Палмираро “ҷинояти ҷангӣ” номидааст.