Кремл: Русия кумакҳо ба Сурияро идома медиҳад

Сарфи назар аз хуруҷи қисмати асосии низомиёни Русия аз Сурия, нерӯҳои ҳарбии Русия пуштибонӣ аз ҳукумати Сурияро дар муборизаи зидди террор идома медиҳанд.

Президенти Русия Владимир Путин ин ҳарфро бори дигар зикр кардааст, гуфт сухангӯи президент Дмитрий Песков. Ба гуфтаи Песков, Путин рӯзи 27 март бо президенти Сурия Башор Асад ва роҳбари кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова суҳбати телефонӣ доштааст. Путин ба муносибати озодсозии шаҳри Полмиро Башор Асадро табрик гуфта, зикр кардааст, ки ин шаҳр бояд барои фарҳанги ҷаҳонӣ ҳифз шавад.

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ аз хабари озодсозии Полмиро истиқбол кардааст. Дар як нишасти хабарӣ Пан Ги Мун гуфтааст, "террористҳо на танҳо ба инсоният зарба мезананд, балки тамаддуни инсониро ҳам хароб мекунанд".

Рӯзи якшанбе хабар расид, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва нерӯҳои мардумӣ шаҳри Полмироро аз дасти гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" комилан озод кардаанд. Ин амалиёт бо пуштинобии нерӯҳои ҳавоии Русия баргузор шудааст.