Обама: Айбдоркунии мусалмонҳо ба нафъи террористҳост

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш дар як нишасти сарони кишварҳо оид ба масоили ҳастаӣ, ки ҳафтаи оянда дар Вошингтон баргузор хоҳад шуд, мавзӯи тақвияти мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Ӯ дар паёми радиоӣ ва интернетии рӯзи 26 март бори дигар ваъда дод, маъракаи зидди ин гурӯҳи тундравро, ки масъулияти ҳамлаҳои Брюсселро бар дӯш гирифтааст, идома хоҳад дод. Дар ҳамлаҳо дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел рӯзи 22 март 31 нафар ҷон бохтанд.

Барак Обама ба пайвандони қурбониёни ҳамлаҳо изҳори тасаллият кард ва афзуд, ки Амрико аз муборизаи Белгия бо терроризм пуштибонӣ мекунад. Аз ҷумла, кормандони ФБР ё Бюрои федеролии тафтишоти Амрико дар Белгияанд ва дар тафтиши ҳамлаҳо дар Брюссел кӯмак мекунанд.

Ба гуфтаи Обама, бо пуштибонии Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони Амрико аз фазо, тақрибан 40 дар сади қаламрави Ироқ аз гурӯҳи «Давлати исломӣ» бозпас гирифта шуд.

Ӯ ҳамчунин аз амрикоиҳо хост, аз айбдор кардани мусалмонҳо парҳез намоянд, зеро ин гуна бархӯрд фақат ба манфиати террористҳост, ки барои тақвияти сафҳояшон ба афроди норозӣ зарурат доранд.