Духтур барои куштори бемор зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Белгороди Русия Иля Зелендинов, ҷарроҳи пешини беморхонаи шаҳрии Белгородро, ки бемореро латукӯб кард ва ба ҳалокат расонд, зиндонӣ намуд.

Зелендинов ба 9 солу 2 моҳ дар зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Ба ҷуз ин, вай баъди адои ҷазо то 3 соли дигар наметавонад ба кори пизишкӣ машғул шавад.

Ин табиби 32-сола дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки маргро дар пай дошт ва латукӯби авбошона айбдор мешуд.

Пештар вакилони Зелендинов аз додгоҳ хостанд, ки ба ӯ ҷазои шартӣ таъйин кунад.

Ин ҳодиса 29 декабри соли гузашта дар бемористон рух дод. Ба иттилои тафтишот, ба шуъбаи қабули беморхона марде муроҷиат кард. Ин мард ҳангоми муоина парастореро лагад зад ва доду бедод кард. Зелендинов ба рӯи бемор ва баданаш зарба зад. Бемор ба замин уфтод ва баъди чанде фавтид.