Шумори аҳолии Ӯзбекистон ба 31 миллиону 532 нафар расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии омори он кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, танҳо дар соли гузашта аҳолии Ӯзбекистон бештар аз ним миллион афзудааст. Дар соли 2015 дар ин кишвар 721,5 ҳазор одам таваллуд шудааст. Давоми соли гузашта 150,4 ҳазор нафар фавтидааст. Шумори атфоли фавтидаи то яксола 7700 нафар будааст. Нозирони мустақил мегӯянд, оморе, ки мақомот эълон мекунанд, аз воқеият каме зиёдтар аст. Баъди мустақилият дар Ӯзбекистон барӯйхатгирии сарторсарӣ доир нашудааст. Бори охир дар ин кишвар дар соли 1989 шумориши аҳолӣ баргузор шуда буд.