Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар маркази шаҳри Душанбе чор нафар кушта шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи гузашта тахминан соати 23:45-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 29-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Волсваген”, таҳти идораи марди 22-солаи сокини ш.Душанбе бархӯрдааст”.
Ба иттилои ин манбаъ, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ронандаи худрави “Опел-Астра”, инчунин мусофирони дохили он -- марди 31-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, ду нафар ҷавони 17 ва 20-солаи сокинони Душанбе ҳангоми ба беморхона интиқлол ёфтан, ҷон бохтаанд.
Кушта шудани чор нафар ба асари садама дар Душанбе дар ҳолест, ки муддати чанд рӯзи ахир дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар манотиқи мухталифи кишвар 7 нафар кушта ва ду тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.