Субҳи имрӯз, чоршанбеи 23 март, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон сафари Эмомалӣ Раҳмонро “корӣ” унвон карда ва ҳадафи онро “шиносӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд” донист.
Гуфта мешавад, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шимоли ин кишвар муддати се рӯз хоҳад монд ва дар барномаи наврӯзии вилояти Суғд, ки рӯзи ҷумъаи 25 март бо баргузории нахустин Карнавали идонаи наврӯзӣ ҷараён мегирад, ширкат хоҳад кард.