Си Си Ю: Таъсири буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон сахттару тӯлонитар аст

Си Си Ю, раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

Раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд аз як сӯ таъсири буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистонро сахттару тӯлонитар номида, вале ҳамзамон аз Душанбе хостааст, ин фурсатро ба манфиат истифода барад.

Си Си Ю, роҳбари намояндагии Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон, дар як матлабаш, ки дар торнамои расмии ин бонк ба нашр расидааст, аз Тоҷикистон даъват кардааст, "то фурсати буҳронро аз даст надиҳад" ва онро "ҳамчун як имконияти роҳандозии ислоҳот" истифода барад.

Ӯ дар оғози матлабаш аз таҷрубаи буҳрони солҳои 2008−2009 ёдовар шудааст, ки он солҳо низ ҳаҷми пулҳои интқолии муҳоҷирони корӣ то 35 дарсад коҳиш ёфт ва дар натиҷа сомонӣ - пули миллии кишвар 28 дарсади қурби худро аз даст дода буд.

Аммо ба таъкиди Ю, таъсири манфии буҳрони кунунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон “сахттару тӯлонитар” аст. "Чунки ҳанӯз маълум нест иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла Русия, кай дубора ба сатҳи рушди қаблиаш боз мегардад," – навиштааст ӯ.

Си Си Ю мегӯяд, калимаи буҳрон дар забони чинӣ аз ду қисмат - “хатар” ва “имконият” - иборат буда, ба ҳамин маъно дархӯри мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон аз он ҷиҳат осебпазир аст, ки танҳо рӯи хадамоту истеъмолот такя мекунад ва қодир нест, дар соҳаи саноат ҷойҳои корие бо маоши баланд эҷод кунад. Ӯ дар ин матлабаш гуфтааст, дар соли 1991 беш аз 44 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар Тоҷикистон дар бахши саноат машғули кор буданд, аммо ҳоло ҳамагӣ каме беш аз 4 дарсади коргарон дар кишвар ба соҳаи саноат рост меояд.

Аз ин рӯ, ба таъкиди Си Си Ю, Тоҷикистон “ба ислоҳоти таъҷилӣ” ҷиҳати “боз кардани зарфиятҳои соҳибкорӣ дар кишвар” ниёз дорад. “Ба ин ҳадаф Тоҷикистон танҳо бо роҳи фароҳам сохтани муҳити созгор ба корхонаҳои хурду миёна метавонад бирасад,” - мегӯяд ӯ.

Ҷаноби Ю гуфтааст, ҳарчанд Бонки Осиёии Рушд барои тақвияти ҳимояти бизнес ва пешбурди ислоҳот дар ин самт ба Тоҷикистон дар соли 2015 60 миллион доллар кумак расондааст, аммо ҳанӯз ҳам бизнес дар кишвар ба мушкилот дучор мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Буҳрони иқтисодӣ фурсати хуби ислоҳот будаааст

Барои мисол, ӯ аз мушкили “сарбории вазнини андоз” ва “номунтазам ситондани он“ ёдорвар шудааст, ки ба таъкиди Си Си Ю, барои коррупсия роҳ мекушояд. Вай дар ин матлабаш ҳамчунин навиштааст, бизнес дар Тоҷикистон аз маҳудиятҳои асъорӣ, гаронии фоизи бонкӣ ва маҳдудияти интиқоли барқ дар зимистон азият мекашад.

Матлюба Улҷабоева, роҳбари Анҷумани соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гуфтаҳои роҳбари Бонки осиёи рушд дар мавриди гаронии андоз хеле саривақтӣ ва актуалианд. Вай гуфт, маҳз гаронии андоз боис шудааст, ки соҳибкорӣ дар кишвар рушди чандоне надорад: Бубинед, бино ба раддабандиҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати баландии мизони андоз дар ҷаҳон дар ҷойи севум аст. Аз ин рӯ шумори соҳибкорони инфиродии расман ба қайд гирифташуда дар мо чандон зиёд нест ва онҳо ҳамагӣ 1,5 дарсади даромади будҷаро пардохт мекунанд. Барои он ки бахши соҳибкорӣ дар кишвар рушд кунад, барои онҳо шароит фароҳам овардан зарур аст. Масалан, дар Узбакистон косибон 10 сол аз пардохти андоз озод шуданд. Мо пешниҳод дорем, ки дар мо ба косибон патент диҳанду ақалан се сол аз андоз озод кунанд. Вақте онҳо, ки ба по хестанд, баъд бигзор андоз супоранд.”

Хонум Улҷабоева гуфт, ҳоло беш аз 300 ҳазор муҳоҷирон ҳам ба кишвар бозгаштаанд ва бекоранд. Агар ҳукумат ин тоифаро аз андоз озоду кунаду гӯяд, ки барои худатон ҷойи кор эҷод кунед, бисёре аз онҳо ба касбу коре машғул хоҳанд шуд, - афзуд Улҷабоева.

Си Си Ю дар интиҳои ин матлабаш аз таҷрибаи Қазоқистону Чин ёдовар шудааст, ки иқтисоди аввалӣ аз уфти нархи нафт ва дувумӣ аз чолишҳои экологӣ дучори мушкил шудаанд. Аммо ин ду кишвар ба гуфтаи Си Си Ю барномаҳои мушаххас ва ислоҳоти давомдорро рӯи даст гирфитаанд ва Тоҷикистон ҳам бояд аз ин қатор қафо намонад.

Ҳоҷимуҳамад Умаров

Ҳоҷимуҳамад Умаров, иқтисоддони тоҷик дар ростои ин машваратҳои роҳбари Бонки осиёии рушд мегӯяд, баргузор кардани як ислоҳоти фарогир дар Тоҷикистон ногузир аст, аммо барои амалӣ шудани ислоҳот ду шарти муҳим вуҷуд дорадл ки он дар кишвар ба назар намерасад: Барои баргузор кардани ислоҳт ду шарти зарурӣ вуҷуд дорад. Нахуст як гурӯҳи масъулон, ки ҳадафи ислоҳзот ва роҳҳои амалӣ кардани онро хуб медонанд. Ва дувум ин ки ин гурӯҳи масъулон бояд поквиҷдонона амал кунанд, на ба фоидаи ҷайби хеш. Мутаассифона, дар мо ин ду чизи муҳим вуҷуд надорад. Ин блоки иқтисодие, ки мо дорем, бояд ба куллӣ иваз шавад. Касоне бояд сари кор оянд, ки дилу нияти пок дошта бошанд ва дар мавриди ислоҳот тасаввуроту фаҳмиши хуб доранд.”

Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон сар аз соли 1998 фаъолият дорад. Ин бонк аз оғози фаъолияташ то кунун беш аз 1,2 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст, ки 70 дарсади он грант ва ё кумакҳои бебозгашт аст.