Иқтисоди бӯҳронии Украина дар соли 2015 ба сабаби нобасомониҳои дохилӣ дар бахши молӣ ва талаботи истеъмоӣ 9,9 дарсад поин рафтааст. Дар ин бора Хадамоти давлатии омори ин кишвар хабар додааст.
Поинравии қобили мулоҳизаи рушди иқтисод дар соли 2015 дар ҳолест, ки дар соли 2014 низ 7 дарсади коҳиш мушоҳида шуда буд. Соли 2014 Русия Қримро аз Украина ҷудо ва ба сарзамини худ ҳамроҳ кард ва дар шарқи Украина ҷангҳои ҷудоиталабон оғоз ёфт.
Соли гузаштадар бахшҳои молӣ ва дар фаъолиятҳои бима коҳиш 27,7 дарсад ва дар бахши тиҷорати хурд 16,8 дарсадро ташкил дод. Истеъмолкунандагони Украина дар соли 2014 аз поин рафтани арзиши пули миллӣ, яъне гривна дар баробари доллар афсурда шуданд. Гривна аз 3 як ҳиссаи арзиши худро гум кард.
Иқтисоди Украина ҳамчунин аз ҷанги тиҷоратӣ бо Русия зарар дид. Дар гузашта Русия бузургтарин бозори содироти молу колоҳои Украина ба шумор мерафт. Нархи ғалла ва оҳани содиротии Украина дар бозоҳои ҷаҳонӣ поин рафт.
Бо вуҷуди ин мушкилиҳои иқтисодӣ, кӯмакҳои молии Сандуқи Байналмиллалии Пул ин кишварро аз ва бӯҳрони сиёсӣ нигоҳ дошт.