Чин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дидбонгоҳ сохт

Акс аз бойгонӣ

Манобеи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки сохтмони дидбонгоҳи марзии "Гулхан"-ро Чин сармоягузорӣ карда, дар расми ифтитоҳаш намояндаи он кишвар ширкат доштааст.

Чин дар сохтмони дидбонгоҳи марзии "Гулхан" дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон саҳм гирифтааст. Як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 21 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, сохтмони ин дидбонгоҳ шаш моҳи қабл дар наздикии марз бо Афғонистон оғоз шуда, ифтитоҳаш дар остонаи таҷлил аз Наврӯз сурат гирифтааст.

Ба қавли мусоҳиби мо, "дидбонгоҳи “Гулхан” дар яке аз манотиқи душворгузари Шӯрообод сохта шуда, дар баландӣ ҷойгир аст. Аз онҷо тамоми убуру мурур тариқи марзро мушоҳида кардан мумкин аст. Ин дидбонгоҳ имкон медиҳад, ки аз марзшикании қочоқбарон ва афроди мусаллаҳ ҷилавгирӣ шавад."

Ин дидбонгоҳ бо пуштибонии молии Чин сохта шуда, дар расми ифтитоҳи он фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Чин низ иштирок кардааст. Вале то ҳол гуфта намешавад, ки Чин барои сохтмони дидбонгоҳи "Гулхан" чӣ қадар пул харҷ кардааст ва оё ин як кумаки билоиваз буда ё бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст?

Аз аввали соли ҷорӣ бо шумули “Гулхан”, чор дидбонгоҳи сарҳадӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва дар наздикии марз бо Афғонистон мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҷумла ду дидбонгоҳ дар ноҳияи Панҷ ва яке - дар ноҳияи Фархор.

Бунёди чунин дидбонгоҳҳо дар марз дар ҳолест, ки бештар аз як сол боз мақомот аз ҳузури ҷангиён дар он сӯи Омӯ хабар медиҳанд. Мақомоти Душанбе мегӯянд, ки дар тақрибан 60 дарсади манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон гурӯҳҳои ифротӣ назар ба солҳои гузашта фаъол шудаанд ва дар тӯли як соли охир чандин вулусволӣ дар марз бо Тоҷикистон, аз ҷумла вулусволиҳои Дарқаду Хоҷағор дар вилояти Тахор, Дашти Арчӣ дар вилояти Қундуз ва вулусволии Юмгон дар Бадахшон барои муддатҳои тӯлоние таҳти тасарруфи чирикиҳои мухолифи ҳукумати кунунии Афғонистон қарор дошт.

Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 1,5 ҳазор километр хатти марз дорад ва сари чанд вақт аз убури ғайриқонунии қочоқбарон хабар мерасад. Субҳи 5 марти соли ҷорӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи марзии "Панҷ" миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 9-нафараи мусаллаҳ, ки аз тарафи Афғонистон марзро убур кардаанд, даргирӣ сурат гирифт.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни ин даргирӣ, прапоршик Суҳроб Сафолов ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.