20 март боздиди Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Куба оғоз мешавад. Обама барои боздиди 48 соата ба Гавана-пойтахти ин кишвар меравад.
15 моҳ пеш вай дар муносибатҳои миёни ду кишвар таҷдиди назар кард, кишваре, ки дар даврони Ҷанги Сард бо Амрико душман буд.
Кохи Сафед мегӯяд, нахустин боздиди раиси ҷумҳури Амрико аз замони ба қудрат расидани Фидел Кастро дар соли 1959 қадаме дар роҳи беҳбуди зиндагии мардуми Куба аст, ки аз таҳримҳои Амрико зарар медиданд.
Обама бо президенти Куба Раул Кастро ва ҳамчунин бо норозиёни сиёсии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ мекунад.Мақомоти Кохи Сафед дар андешаи онанд, ки Обама наметавонад камбудиҳои мавҷударо нодида бигирад.
Бо вуҷуди он ки раиси ҷумҳури Амрико барои робитаҳои беҳтар талош меварзад, вале изҳороти вай як ҷо бо Раул Кастро ва норозиёни сиёсӣ нишонаи он хоҳад буд, ки чӣ тавр вай бо ҷиддият ҳукумати Гаванаро водор хоҳад кард, ки ваъдаҳояшро дар бораи ислоҳот иҷро кунад.