Марҳилаи ниҳоии размоиши низомӣ

Рӯзи шанбеи 19 март дар размоишгохи "Ҳарбмайдон", воқеъ дар 200 километрии ҷануби шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки Точикистону Русия баргузор мешавад.

Фариддун Маҳмадализода, рӯзи ҷумъаи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин марҳила бо ширкати мақомоти низомии Тоҷикистону Русия ва намоиши амалиёти ҷангӣ ба манзури саркӯбии "гурӯҳи террористӣ" сурат мегирад.

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадализода, размоиш бо истифода аз техника ва таҷҳизоти мудерни низомӣ, бахусус, зиреҳпӯшҳо ва тӯпу танкҳо ва ҳамопаймоҳои ҷангӣ ҷараён хоҳад гирифт.

Ҳамчунин, ба иттиллои ҷаноби Маҳмадализода, ба марҳалаи ниҳоии размоиш хабарнигорони расонаҳои дохилию хориҷӣ даъват шудаанд, ки метавонанд мустақиман аз ҷараёни размоиш гузоришу барномаҳо пахш кунанд.

Зимнан, размоиши муштараки нируҳои Тоҷикистон ва Русия ба таърихи 9 март шурӯъ шуда ва дар маҷмӯъ худуди 50 ҳазор аз нируҳои мусаллаҳ, бо шумули 2 ҳазор неруҳои Русия ширкат доранд.