Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли духтари тоҷик Шоира Ҷобирова муттаҳам дониста мешавад, пас аз озмоиши равоншиносӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия 18 март ба Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе додгоҳи 109-уми пойгоҳ тамоми асноди зарурӣ барои интиқоли Иван Шербаковро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Екатеринбург ирсол кардааст.
Бар асоси ин санадҳо, чанд нафар аз сарбозони пойгоҳ ва як додситон барои интиқоли Шербаков ба Русия эъзом шудаанд.
Наврӯз Сафаров, яке аз наздикони Шоира Ҷобирова, низ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ онҳоро дар ҷараён гузоштанд, ки Игор Шербаков дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон интиқол дода шуда ва мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ мешавад.
Иван Шербаков афсари пойгоҳи 201-и Русия, ки дар куштори духтари тоҷик дар хобгоҳи ин пойгоҳ муттаҳам дониста мешавад, соли гузашта барои як ташхиси равоншиносӣ ба шаҳри Екатеринбург интиқол дода шуда буд.