Як ҳавопаймои низомии Туркия 16 март дар наздикии шаҳри нафтхези Киркук сарнагун шудааст. Низомиён мегӯянд, ки сабаби суқут мушкилоти фаннӣ будааст. Вале тундравҳои ДОИШ мегӯянд, ки онҳо ҳавопайморо задаанд.
Сарчашмаҳои низомӣ мегӯянд, ки ин ҳавопаймо барои кашфи маҳал ва ҳамла баромада буд ва то ҳол се халабони он бедарак мебошанд.
Ҳавопаймои навъи ҷангии Cessna 208 Caravan метавонад мушкҳои ҳидоятшавандаи лазериро ба сӯи ҳадаф партоб кунад.
Дар як навори видеоӣ, ки тундравҳои ДОИШ нашр кардаанд, дида мешавад, ки ҳавопаймо ба замин сарозер мешавад. Онҳо иддао кардаанд, ки 5 халабон кушта шудаанд.
ДОИШ ҳамчунин иддао мекунад, ки ин ҳавопаймо шаҳри Ҳавиҷа- маркази онҳоро дар Киркук бомбаборон мекард ва онҳо онро бо тӯпи зидди ҳавопаймоҳо задаанд.