Панҷ соли ҷанги Сурия дар тасвирҳо

Эътирозҳо дар шаҳри Даръо дар таърихи 23 марти соли 2011.

Шаҳри Ғутта дар ҳошияи Димишқ. Ба иттилои мухолифони Сурия, дар таърихи 21 марти соли 2013 нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа аз силоҳи кимиёвӣ истифода бурданд.

Муфаттишони Созмони Милали Муттаҳид дар як бемористон, аз аҳволи осебдидагони ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳраки Муадамия дар ҳошияи Димишқ, дидан мекунанд.

Парандагон ҳам аз ҳамлаҳои кимиёвии моҳи августи соли 2013 дар наздикҳои Димишқ ҷони солим набурданд.
Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри ва ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров баъд аз нишасти хабарӣ дар Женева дар робита ба ҳамлаҳои кимиёвӣ дар Сурия. 12 сентябри соли 2013.
Шаҳри Ҳалаб. Ҷанг байни нерӯҳои давлатӣ ва "Артиши озоди Сурия". 23 ноябри соли 2013
Гурӯҳҳои мухолиф аз мушакҳои зиддитанкӣ истифода мебаранд. Шаҳри Ҳамо, 17 ноябри соли 2013
Хаттоб Ал-Халабӣ, ҷангии гурӯҳи "Артиши озоди Сурия." Наздикиҳои шаҳри Ҳалаб. 23 феврали соли 2014.
Амалиёти наҷоти қурбониёни ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Аш-Шаъри шаҳри Ҳалаб. 9-уми феврали соли 2014.
Сарбозони нерӯҳои давлатӣ, ки дар минтақаи Азизия, дар ҷануб-ғарби шаҳри Ҳалаб кушта шуданд. 10-уми феврали соли 2014.
Як баландошёна, ки бар асари ҳамлаи ҳавоӣ дар шаҳри Ҳалаб фурӯ рафтааст. 24 декабри соли 2013.
Гурӯҳи низомиёни суриягӣ аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба қатл расиданд. 27 ноябри соли 2013.
Як ҷангии гурӯҳи тундрави "Ҷабҳаи Ан-Нусра" бо парчами ин гурӯҳ дар шаҳри Раққа. 12 марти соли 2016.
Қатли дастаҷамъии сарбозони артиши Сурия аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Палмира. Соли 2015.
Таркиш дар макони бостонии шаҳри Палмира.
Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия -- Су-24 дар пойгоҳи ҳавоии Ҳумаймим дар ғарби Сурия. Моҳи декабри соли 2015.