Барак Обама, президенти ИМА бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ин ду президент ҷараёни қатъи амалиёти ҷангӣ миёни ҳукумати Сурия ва муттаҳидонаш аз як сӯ ва мухолифони мусаллаҳ аз сӯи дигарро баррасӣ карданд.
Дар ин суҳбат ҳамчунин фармони Путин дар мавриди берунории қисмати асосии нерӯҳои Русия аз Сурия ва қадамҳои охирин барои қатъи амалиёти ҷангӣ баррасӣ шудааст.
Барак Обама аз кам шудани амалиёти ҷангӣ дар он кишвар изҳори хушнудӣ кардааст, аммо гуфтааст, ҳамлаҳои мудовими ҳукумати Сурия метавонад ба музокироти сулҳ хатар эҷод кунад.
Обама ҳамчунин гуфтааст, гузариши сиёсӣ бояд ба ҷанги Сурия хотима диҳад.