Парлумони Аврупо дар мавриди озодии баён дар Қазоқистон қатъномае интишор карда, аз ҳукумати ин кишвар хостааст, ки ба таъқиби журналистон хотима диҳад.
"Парлумони Аврупо таъқиби давомдори расонаҳо, журналистон ва блогнависонро маҳкум мекунад, инчунин истифодаи айбҳои дорои ангезаи сиёсиро аз сӯи ҳукумати Қазоқистон маҳкум менамояд", - омадааст дар қатънома.
Парлумони Аврупо аз мақомоти Қазоқистон даъват мекунад, ки дар қонунгузории кишвар ислоҳот анҷом дода, ҷазои сангин барои расонаҳо ва намояндагони онро бартараф намояд. Аз Остона ҳамчунин даъват шудааст, ки айбҳои дорои ангезаи сиёсӣ нисбати рӯзноманигорони интиқодгар, расонаҳои мустақил ва шаҳрвандони дигарро, ки назарҳои худро баён мекунанд, қатъ кунад.
Дар робита ба ин, даъват шудааст, ки муҳокимаҳои додгоҳӣ, ҳукми додгоҳ, маҳкумият ва таҳримҳои Сейтқозӣ Матаев, Ғизол Байдалинова, Владимир Козлов ва дигарон бекор гардад. Парлумони Аврупо ҳамчунин аз Қазоқистон даъват кардааст, ки низоми додгоҳии худро тағйир бидиҳад, то ин ки ҳамаи парвандаҳои рӯзноманигорон ба таври озод баргузор шаванд.
Тибқи ин қатънома, президенти Парлумони аврупоӣ вазифадор аст, ки қатъномаро ба ҳузури Шӯро, Комиссия, ноиб-президент, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва амният, ҳукуматҳо ва парлумонҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ҳукумат ва парлумони Қазоқистон бирасонад.