Машқҳои муштараки низомии Русияву Тоҷикистон

Ҳавопаймоҳои бузурги борбари Ан-124-100 "Руслан"- Русия аз қаламрави ин кишвар ба Душанбе марказҳои муҳаррики идораи амалиёти ҷангӣ ва техникаи таъминкунандаи мухобиротро ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе расондаанд. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия гузориш додаанд.

Ин воситаҳои техникӣ дар машқҳои муштараки низомии ситоди фармондеҳии нируҳои Русияву Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд.

Ярослав Рощупкин -намояндаи расмии ҳавзаи марказии низомии Русия гуфтааст, аз роҳи ҳавоӣ ҳамчунин воҳидҳои тафтиши техникаи низомӣ, пулиси низомӣ интиқол дода мешаванд, то онҳо амнияти ҳаракати корвони мошинҳо, амнияти урдугоҳ ё пойгоҳҳои муваққатӣ ва амнияти шабакаҳои мухобиротиро таъмин кунанд.

Рощупкин мегӯяд, дар машқҳои низомӣ ниҳодҳои идории вазорати дифои Тоҷикистон, ҳавзаи марказии низомии Русия, нируҳои пиёданизом, воҳидҳои тонку тупчӣ ва гурӯҳҳои чатрбозону гурӯҳҳои ҳамлакунанда ширкат меҷӯянд.

Аз ҳаво воҳидҳои ҳавоӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба нируҳои заминӣ кӯмак мекунанд. Дар ин хабар дар бораи рӯзҳои баргузорӣ ва маҳали баргузории машқҳои низомӣ чизе гуфта нашудааст.