Аврупо ба таҳримҳои зидди Путин даъват кард

Вакилони порламони Аврупо аз Иттиҳоди Аврупо хостанд, дар робита ба рафтори ғайриқонунӣ нисбати шаҳрванди Украина Надежда Савченко, зидди президенти Русия Владимир Путин ва 28 нафари дигар таҳрими шахсӣ эълон кунад.

Муроҷиатномаи 57 вакил дар ин хусус ба Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ Федерик Могеринӣ ирсол шудааст.

Ба ҷуз аз Путин, вакилон хостаанд, зидди раиси Хадамоти амнияти федеролии Русия Александр Бортников, раиси кумитаи корҳои байналмилалии Думаи давлатӣ Алексей Пушков, кормандони баландпояи Кумитаи тафтишотии Русия ва ҳамчунин сардори ҷумҳурии худхондаи Луганск Игор Плотнитский таҳрим эълон шавад.