Бино ба хабари “Bloomberg” Танкери Монте Толедо шоми якшанбеи 6-уми март, бори аввал баъди лағви таҳримҳо алайҳи Эрон, нафти ин кишварро ба Аврупо ворид кард. Киштии ҳомили наздик ба як миллион бушка нафт бори худро дар дар яке аз бандарҳои Испания холӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки интиқоли нафт аз Эрон ба Аврпуо 17 рӯзро дар бар гирифтааст. Ба гуфтаи “Bloomberg” Эрон дар маҷмуъ 29 киштии ҳомили нафтро роҳи кардааст ва Аврупо интизор дорад, ки се киштӣ рӯзҳои наздик ба макон бирасанд. Як киштӣ дар бандари Руминия, киштии дигар дар соҳилҳои Фаронса ва киштии сеюм дар канали Суетс лангар хоҳад зад. Таҳримот алайҳи Эрон, ки аз соли 2005 дар муқобили барномаҳои ҳаставии ин кишвар ҷорӣ шуд, миёнаҳои моҳи январ лағв гардид ва Эрон ба бозори ҷаҳонии нафт баргашт. Қаблан гуфта мешуд, ки Эрон омодааст дар соли 2016 қарордодҳои нафтиро ба маблағи 15 миллиард доллар имзо кунад.