Ташрифи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба тарабхонаи McDonald's - ба хотири даъват аз сармоягузорони хориҷӣ буд, ки сармояашонро ба Қазоқистон биёранд, гуфт сухангӯи президенти он кишвар Даврон Абаев.
Назарбоев дар рӯзҳои истироҳат ба яке аз тарабхонаҳои навтаъсис дар Остона ташриф бурд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдоми Назарбоевро даъват ба истеъмоли ғизои саридастӣ ё фастфуд баҳо доданд. Ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, силсила-тарабхонаҳои McDonald's дар оянда метавонад то 20 ҳазор шаҳрванди он кишварро кор бидиҳад.
Расонаҳо навишта буданд, ки намояндагии McDonald's-ро дар Қазоқистон "тоҷири маҳаллӣ ва хеши президент Назарбоев -- Кайрат Боронбоев" роҳбарӣ мекунад. Ҳамчунин расонаҳо навиштанд, ки Кайрат Боронбоев дар гузашта дар бахши гази кишвар фаъолият мекард ва духтараш ҳамсари набераи Нурсултон Назарбоев аст.