Ҷашнвораи 4-рӯзаи тиҷоратии Покистон дар Душанбе

Шералӣ Ҷононов

Шералӣ Ҷононов-сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфтааст, ки дар шаҳри Душанбе 7 апрел ҷашнвораи чаҳоррӯзаи тиҷоративу фарҳангии Тоҷикистону Покистон оғоз меёбад. Дар чаҳорчӯбаи он тоҷирону соҳибкорони ҳар ду кишвар ҳамкориҳои тиҷоратии худро баррасӣ мекунанд.

Сафири Тоҷикистон ба матбуоти Покистон дар шаҳри Лоҳур гуфтааст, ки соҳибкорон дар намоишгоҳ маводи сохтмонӣ, мошинолот, текстил, фаровардаҳои кишоварзӣ, таҷҳизоти беҳдоштӣ, маводи ғизоӣ, маҳсулоти чармӣ, ороишоти хона, таҷҳизоти варзишӣ ва амсоли онро ба фурӯш ва ба намоиш мегузоранд.

Ба гуфтаи сафир, як силсила ширкатҳои дорусозӣ, бофандагӣ, кишоварзӣ ва молдории Покистон дар фаъолиятиҳои худ комёб ҳастанд. Ба ин далел ҳамкориҳои наздики Утоқҳои тиҷоратии миёни ду кишвар, рафту омади ҳайатҳои тиҷоратӣ ба нафъи ду кишвар хоҳад буд.