Толибон музокира бо Кобулро рад карданд

Толибони Афғонистон мегӯянд, ки онҳо музокироти сулҳ бо ҳукукмати ин кишварро рад мекунанд. 5 март сухангӯи Толибон изҳороте гуфт, шӯришиён намехоҳанд дар музокироти сулҳ бо ҳукумати Кобул ширкат варзанд, то замоне ки нируҳои хориҷӣ ба амлиёти худ хотима диҳанд ва аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Интизор мерафт, ки ҳафтаи оянда музокироти рӯ ба рӯи ҳукумати Кобул бо намояндагони Толибон дар Исломободи Покистон баргузор шавад ва ба ҷанги 15 солаи Толибон бо ҳукумати кунун хотима диҳад.

Толибон дар ин изҳороти худ нируҳои амрикоиро барои анҷоми ҳамлаҳои ҳавоии шабона дар маҳаллоти аҳолинишин муттаҳам кардаанд. Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки нируҳои давлатии Афғонистон бар зидди Толибон ҳамлаҳои худро афзоиш додаанд.