ИМА таҳримҳои зидди Русияро тамдид кард

Президенти ИМА Барак Обама барои як соли дигар таҳримҳо бар зидди Русияро ба далели ҳодисаҳои Украинаро тамдид кард.

Дар ҳуҷҷати пахш кардаи Кохи сафед гуфта шудааст, ки амалкард ва сиёсати Русия дар нисбати Украина ба сулҳ, амният, субот ва истиқлолияту ягонагии қаламраваш таҳдид карда, равандҳои демократӣ ва ниҳодҳои таъсисшудаи он дар ин кишварро бекор мекунад. Ҳамчунин зикр шудааст, ки вазъияти ба вуҷуд омада ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА хатари фавқулода дорад.

Ба ин хотир президенти ИМА қарор кард, ки наҳваи таҳримҳо тибқи фармони 13660, ки соли 2014 имзо шудааст, идома дода шавад. Таҳримҳо ба мӯҳлати як сол то 6 марти соли 2017 тамдид карда шуданд. Ба ҷуз аз таҳримҳо дар соли 2014 Обама се дастури дигари вобаста ба вазъи Украина ва ғасби Қрим аз тарафи Русияро имзо карда буд.