Кормандони Хадамоти назорат бар мавориди мухаддири Қирғизистон рӯзи 1 марти соли ҷорӣ дар деҳаи Жаштики вилояти Боткент як корманди умури дохилаи Тоҷикистонро ба гумони қочоқи маводди мухаддир боздошт кардаанд. Ба иттилои мақомоти қиргиз, аз мошини тамғаи "Опел-вектра"-и ин пулиси 49-солаи тоҷик ба миқдори 36 килою 300 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш кашф ва мусодира шудааст. Дар мавриди ин қазия бо иттиҳоми "Ба таври ғайриқонунӣ омодасозӣ, харидорӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маводди мухаддир" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Пулиси тоҷики боздоштшуда ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ шуда ва дар мавриди ин ҳодиса тафтишот идома доштааст.