Дар тӯли 24 соати ахир ИМА дар бораи вайронкунии ҷиддии муқаррароти оташбас дар Сурия иттилоъ нагирифтааст.
Дар ин бора Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Департаменти давлатӣ хабар дод.
“Натиҷаҳои нахустин умедворкунандаанд”, - гуфт дар нишасти матбуотӣ Кирбӣ зимни шарҳи қатъи амалиёти низомӣ дар Сурия, ки рӯзи шанбе дар асоси қарордоди миёни Иёлоти Муттаҳида ва Русия ба ҳукми иҷро даромад.
Намояндаи махсуси СММ дар Сурия Стаффан де Мистура рӯзи сешанбе хабар дод, ки музокироти сулҳи Сурия то 9 март ба таъхир гузошта шуд, то муқаррароти оташбас побарҷой шавад.
Президенти Сурия Башор Асад гуфт, ки ҳукуматаш “ҳамаи вазифаҳояшро анҷом медиҳад, ки тамоми муқаррарот иҷро шавад”. Вай афзуд, ки ба мухолифонаш дар сурати таслими силоҳ “афви комил” пешниҳод шудааст.
Русия эълон кард, ки дар 24 соати ахир дар тамоми қаламрави Сурия 15 мавриди вайронкунии муқаррароти оташбасро ошкор кардааст. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров пешниҳод кард, ки ба хотири пешгирӣ аз таъминоти гурӯҳҳои “террористӣ” марзи миёни Сурия ва Туркия баста шавад.
Фаронса аз хабарҳо дар бораи зарбаҳои ҳавоии Сурия ва Русия ба мавзеъҳои таҳти назорати ошӯбгарон изҳори нигаронӣ кард.