Дар Сурия 33 хабарнигори рус ва хориҷӣ зери тирборон афтоданд.
Ба иттилои намояндаи вазорати мудофиаи ФР Игор Конашенков, тирпарронӣ аз минтақаи рустои Дама дар атрофи Идлиб сурат гирифтааст. Хабарнигорон аз Булғористон, Канада ва Чин ҷароҳатҳои андаке бардоштаанд.
Тибқи иттилои ин манбаъ, афсари артиши Сурия хабар додааст, ки ҷангиёни гурӯҳи ифротии "Ҷабҳат ан-Нусра" тирпарронӣ кардаанд, ки муқаррароти оташбас ба онҳо дахл надорад.
Дар маҷмӯъ, дар шабонарӯзи гузашта Маркази русиягии оштисозии ҷонибҳои даргир дар Сурия 15 маврди вайрон кардани муқаррароти оташбасро ошкор кардааст, ки бештаре аз онҳо дар Димишқ ва вилоятҳои Ҳумс, Ҳалаб ва Латакия рух додаанд.
Рӯзи душанбе котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, ки ҳамаи мавриди вайрон кардани муқаррароти оташбас дар Сурия таҳқиқ мешаванд ва ҳоло барои нофарҷом донистани оташбас асосе вуҷуд надорад. Аммо мухолифони суриягӣ бар ин назаранд, ки ҳеҷ оташбасе вуҷуд надорад, зеро нерӯҳои Башор Асад ҳамлаҳо ба шӯришиёнро идома медиҳанд.