Панҷакент. Гумонбар дар қатли доруфурӯш раҳо шуд

Шероз Бобоев, ронандаи дорухонаи “Мадад” дар ноҳияи Панҷакент, ки ҳамчун гумонбар дар қатли фурӯшандаи дорухона дониста мешуд, баъди 11 рӯзи боздошт раҳо шуд, вале таҳқиқи парвандаи ин ҳодиса ҳамчунон идома дорад. Шероз Бобоев рӯзи 1 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро мақомоти умури дохилаи ноҳияи Панҷакент баъди собит нашудани гуноҳаш дар куштори фурӯшандаи дорухонаи "Мадад" Маҳмадраҷаб Тоштемирови 55-сола, раҳо карданд. Вай мегӯяд, пулис тайи 11 рӯз ӯро бозпурсӣ намуд ва ҳамаи нишондодҳоро санҷид, вале дар ҳаракатҳояш амали ҷиноӣ собит нашуд.

Ба нақли Шероз Бобоев, шабе, ки фурӯшандаи дорухона аз тарафи афроди номаълум бо 22 зарби корд ба қатл расид, вай дар манзили зисташ буд ва бо хоҳиши раиси дорухона Замон Забуров ба ҷои ҳодиса омад ва бо дидани ҷасади фурӯшанда ба шӯъбаи корҳои дохили хабар дод, аммо кормандони интизомӣ субҳи ҳамон рӯз ӯро боздошт карданд. Вай мегӯяд, дар ин муддате, ки вай дар боздоштгоҳ буд, раиси дорухона Замон Забуров низ ба таври мармуз ба худкушӣ даст зад.

Навбатдори мақомоти умури дохилаи ноҳияи Панҷакент рӯзи 1-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Шероз Бобоев баъди исбот нашудани нишондодҳо озод шуд, вале парвандаи куштори фурӯшандаи дорухона Маҳмадраҷаб Тоштемиров идома дорад ва то ҳол омилони ин куштор ошкор нашудаанд.. Маҳмадраҷаб Тоштемиров фурӯшандаи ин дорухона аз тарафи афроди ношинос шаби 15 феврал ба қатл расид.

Ба дунбол мақомоти тафтишотии пулиси Панҷакент ронандаи раиси дорухонаи "Мадад" Шероз Бобоевро ҳамчун гумонбар дар ин куштор боздошт карданд. Рӯзи 23 феврал Замон Забуров, раиси дорухона (аптека)-и "Мадад" дар шаҳри Панҷакент, дар зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд худкушӣ кард.