Таҳияи санади "Фаъолияти сулҳпарваронаи Тоҷикистон"

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи қонуни “Фаъолияти сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия карда ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол кардааст. Дар сурати тасвиби ин санад заминаи ҳуқуқӣ барои ширкати неруҳои сулҳпарвари Тоҷикистон дар кишварҳои дигар ва минтақаҳои ҷангзада дар доираи аҳдномаи Созмони милали мутаҳид фароҳам хоҳад шуд.

Абдуҳалим Ғаффоров, узви Маҷлиси намояндагон рӯзи 1 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тарҳ аз 5 боб ва 25 модда иборат буда, заминаҳои қонунии ворид шудани неруҳои сулҳпарвари Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷиро дар бар мегирад.

“Бар асоси моддаи 7- и тарҳи ин қонун президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои зарурати истифодаи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар кишвари дархосткунандаро пешниҳод карда ва ҳам дар ҳолати зарурат масъалаи бозхонди неруи сулҳпарвари кишварро дар миён хоҳад гузошт”.

Гуфта мешавад, моддаи 8 масъалаи сарфу харҷи ҳузури неруи сулҳхоҳ дар кишвари дигарро фаро гирифта ва дар моддаи 11 таъкид шудааст, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаи худро дар доираи аҳдномаи СММ иҷро намуда, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳои дигарро эҳтиром мегузорад”.