Боздошти 25 "салафӣ" дар ноҳияи Румӣ

Акс аз бойгонӣ

4 сокини деҳаи Роҳи нави ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон бо ҷурми пайравӣ аз Салафия ва даъвати дигарон ба ин равияи дар Тоҷикистон мамнӯъ боздошт шудаанд. Сиратулло Мусамиров, Абдумаҳмил Мунавваров, Умед Амонов, Мансур Торунов ва Додарбек Муҳаббатов, ки аз 30 то 35 сол доранд, дар ин деҳа бештар ҳамчун қабркану “Чилёсин”-хон маъруф буданд. Як мақоми пулиси ноҳия рӯзи 29 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин 4 нафарро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт кардаанд ва ҳоло онҳо дар боздоштгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа қарор доранд.

Акобир Ҳакимов, масъули бахши дину танзими анъанаҳои ҳукумати ноҳияи Румӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар ин ноҳия 25 нафар бо ҷурми пайравӣ ба Салафия дастгир шудаанд: ”Инҳо сокинони чанд ҷамоату шаҳраканд, ки ба равияи салафиҳо шомил будаанд. Ду нафарашон бар асоси маълумоти имоми як масҷид боздошт шуданд.”

Вале Маҳмадшо Торунов, падари Мансур Торунови 35-сола, мегӯяд, писари ӯ такси мезад ва салафӣ набуд: “Соати 9 шаб омада бурданд. Ӯ салафӣ набуд, вале намозхон буд ва “Чилёсин” ҳам мехонд, агар даъваташон мекарданд. Як ҳамсояи дигарамон, ки низ боздошт шуд, ҳатто сураҳои намозро намедонист.”

Ҳаракатҳои Салафия дар Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи олӣ аз соли 2009 манъ шудааст.