Леонардо Ди Каприо барои беҳтарин "Нақши мардона" барандаи ҷоизаи "Оскар" шуд.
Академия синамои Амрико Ди Каприоро барои нақшофарӣ дар филми "Бозмонда" ҷоиза дод. Ин аввалин "Оскар"-и Ди Каприо аст. Ин бозигар дар солҳои пешин панҷ бор номзади ҷоизаи "Оскар" шуда, аммо танҳо акнун бори аввал ба он даст ёфт.
Филми "Дар маркази таваҷҷуҳ"-и Томас Маккартӣ дар бахши беҳтарин филм ҷоизаи "Оскар"-ро гирифт. Ин филм ҳамчунин ҷоизаи беҳтарин саҳнаро соҳиб шудааст.
Ҷоизаи коргардонии "Оскар"-ро Алехандро Гонсалес Иняррит барои филми "Бозмонда" ба даст овард. Ин коргардон дар соли гузашта низ барои филми "Бердмэн" соҳиби ҷоиза шуда буд.
Бри Ларсон барои нақш офаридан дар филми "Комната" соҳиби ҷоизаи бахши беҳтарин нақши зан шуд. Марк Райлэнс дар бахши беҳтарин нақши мардонаи дараҷаи ду "Оскар" гирифт.
Ба Алисия Викандер низ барои беҳтарин нақши дувуми занона "Оскар" додаанд. Филми тасвирии "Головоломка" беҳтарин филми тасвирии сол интихоб шудааст.