Полиси Русия рӯзи 29 феврал зани ӯзбактабореро боздошт кард, ки бо сари буридаи тифле дар назди истгоҳи метрои Октябрское поле дар шаҳри Маскав ҳозир шуд. Зане бо ҳиҷоб ва либоси сиёҳ дар тан бо садои «Оллоҳу Акбар» дар хиёбон роҳ мерафт. Исми ин зан ҳам мушаххас шудааст – ӯро чун Гулчеҳра Бобоқулова шиносоӣ кардаанд. Баъди боздошт ӯро дафъатан барои ташхиси равонӣ ба бемористон интиқол доданд. Ин зан бо забони русӣ дод мезад, ки террорист аст ва ӯ мемирад, вале ҳамаи дигарҳо муҷозот мешаванд. Полис тасдиқ кард, ки дар дасти Бобоқулова сари тифли чорсолае буд, ки ӯ то лаҳзаи фоҷеа парасториаш мекард. Ҷасади бесари тифл баъдан дар дохили хонаи ин кӯдак пайдо шуд. Зоҳиран баъди куштор хона оташ зада шудааст.