Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Чинро як «шарики боэътимод ва ҳамсояи накӯ» номид, ки Тоҷикистонро ҳамаҷониба, аз ҷумла дар масоили марбут ба таъмини амният ҷонибдорӣ мекунад. Ин ҳарфҳоро раҳбари Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гопин изҳор кард. Дар ин мулоқот сӯҳбат аз таъмини амният ва субот дар ҳарду кишвар ва минтақа рафт, менависад дафтари раёсатҷумҳурӣ дар вебсайти президенти Тоҷикистон. Инчунин имрӯз Эмомалӣ Раҳмон як узви Шӯрои марказии ҳарбӣ ва сардори ситоди муттаҳидаи артиши Чин Фан Фэнхоэйро ба ҳузур пазируфт. “Масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмуъ бахши амниятӣ мавзӯи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад”, таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот. Дар вохӯрдӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбию техникии Тоҷикистону Чин дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда ва масоили таъмини амният дар марзи Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм баррасӣ шудааст. Ҳафтаи гузашта вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Душанбе бо кӯмаки Пекин қарор аст як маркази мубориза бо терроризм ифтитоҳ шавад.