Аз рӯзи қатли Немтсов як сол гузашт

27 феврал аз рӯзи қатли Борис Немтсов-муовини нахуствазири пешин ва яке аз раҳбарони мухолифони сиёсатҳои Кохи Кремли Макав як сол гузашт.

Соли гузашта шоми ҳамин рӯз дар болои пуле, ки дар наздикии Кремл аст вайро ба қатл расонданд. Мақомоти шаҳри Маскав иҷоза надоданд, ки ҷонибдорони Немтсов то ба маҳали қатли вай дар рӯи пул раҳпаймоӣ анҷом диҳанд, вале ҷои дигарро барои раҳпаймоӣ дар маркази Маскав пешниҳод карданд.

Ҷое, ки вай ба қатл расид ва афтода буд, ба маҳали муқаддаси зиёрати ҷонибдоронаш табдил ёфтааст ва онҳо дар он ҷо гул гузоштанд. Вале кормандони шаҳр онро зуд бардоштанд.

Ҷон Тефт-сафири Амрико дар Русия субҳи рӯзи 27 феврал дар рӯи ин пул гулчанбар гузошт. Вай гуфт, “Ман ин ҷо омадам, то бигӯям, ки баъзе орзуҳои Немтсов дар Русия амалӣ хоҳанд шуд”.

26 феврал Думаи Давлатии Русия пешниҳод дар бораи як дақиқа сукут ба поси хотираи Немтсовро рад кард.