Дар Эрон шумориши оро идома дорад

Дар Эрон шумориши орои интихобкунандагон идома дорад. Рӯзи ҷумъа дар ин кишвар интихоботи Маҷлис ва Хибрагони раҳбарӣ баргузор шуд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Эрон, ки баргузоркунандаи интихобот ба шумор меравад, мегӯяд, ки 33 миллион рай шумурда шудааст.

Хибрагони раҳбарӣ ниҳоди масъули таъйини раҳбари Эрон мебошад. Бино ба гузоришҳо, дар интихобот шумораи зиёди райдиҳандагон ширкат ҷустаанд.

Муборизаҳои шадиди интихоботӣ аслан миёни ҷонибдорони Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон ва муҳофизакорон сурат гирифт, ки аз оятулло Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон ҷонибдорӣ мекунанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки агар натиҷаҳои интихобот мавқеинируҳои ислоҳотталабро таҳким бахшад, дар он сурат ининтихообот нуқтаи чархиш дар таърихи Эрон хоҳад буд. Натиҷаҳои аввалияи интихобот субҳи рӯзи якшанбе маълум хоҳад шуд.

26 феврал дар рӯзи интихобот 5 дафъа вақти райдиҳиро тамдид карданд, зеро шумораи райдиҳандагон зиёд буд. 27 феврал вазорати корҳои дохила гуфт, ки 60 дарсади аҳолии қобили рай дар интихобот ширкат ҷустаанд, ки 35 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Онҳо барои интихоби 290 намояндаи Маҷлис ва 88 узви Хибрагони раҳбарӣ рай доданд.

Хибрагони раҳбарӣ дар давоми 8 соли фаъолияти ояндаи худ метавуонад каси дигареро ба ҷои оятулло Алӣ Хоманеӣ муаррифӣ кунад. Хоманеӣ ҳоло 76 сол дорад ва аз соли 1989 то ҳол раҳбари Эрон мебошад.