Дар Сурия оташбас эътибор пайдо кард

27 феврал дар Сурия оташбас эътибор пайдо кард. Вале гузориш медиҳанд, ки дар соатҳои аввали оғози оташбас чанд мавриди нақзи он мушоҳида шудааст. Бо вуҷуди ин умед барои аз сар гирифтани музокироти сулҳи СММ роҷеъ ба Сурия бештар шудааст.

СММ ва гурӯҳи нозирон гузориш додаанд, ки баъд аз оғози оташбас дар нимашаб дар ғарби Сурия тирандозиҳои алоҳида сурат гирифтааст. Вале як рӯз пеш аз ин оташбас дар минтақаҳои зери назорати шӯришиён дар наздикии Димишқ-пойтахти Сурия ва дар шаҳри Ҳалаб дар шимоли ин кишвар бомбаборонҳои шадид мушоҳида мешуд.

Рамӣ Абдулраҳмон-раҳбари Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башар марказаш дар Британия мегӯяд, дар давоми чанд соли гузашта бори аввал дар Димишқ ва атрофи он садои тир ба гӯш намерасад.

Абдулраҳмон мегӯяд, дар Латакия вазъ ором аст ва дар пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймим ҳаракат ё парвози ҳавопаймоҳо дида намешавад. Дар ин пойгоҳ ҳавопаймоҳои ҷангии Русия мустақаранд ва аз режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ҳимоят мекунанд.

Барои ҷорӣ кардани оташбас ё қатъи душманӣ Амрикову Русия миёнравӣ карда буданд ва ин ду кишвар риояти онро аз марказҳои худ дар Латакия, Вашингтону Маскав ва Аммону Женева назорат мекунанд.