Дар Эрон аъзои нави парлумонро интихоб мекунанд

Президент Ҳасани Рӯҳонӣ яке аз ширкатдорони интихоботи рӯзи 26 феврал буд

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 26 феврал интихоботи парлумонӣ ва Шӯрои хибрагон ҷараён дорад. Раҳбари олӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз шаҳрвандони Эрон тақозо кард, ки дар раъйдиҳии рӯзи 26 феврал фаъолона иштирок кунанд. Вай гуфт, умедвор аст, ки мардум сари вақт ба овоздиҳӣ ҳозир мешаванд. Ба гуфтааш, ҳар нафар бояд номзадҳои мавриди назари худро оқилона интихоб кунад. Ӯ дар идома гуфт, ки ҳузури фаъоли мардум дар интихобот душманони Эронро нороҳат хоҳад кард. Ин нахустин интихобот дар Эрон баъди дастёбии Теҳрон ба созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ аст. Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон, ки баъди созиш бо Ғарб тавонист кишварро аз бори таҳримҳои иқтисодӣ сабук кунад, ба ҳангоми раъйдиҳӣ аз ширкати фаъоли райъдиҳандагон ситоиш кард. Ислоҳталабони Эрон умедворанд, ки баъди ин дар кишвар тағйироти бештари демократӣ хоҳад шуд. Дар саросари Эрон имрӯз 53 ҳазор нуқтаи раъйдиҳӣ боз шуд. Парлумони кишар аз 290 узви маҷлис ва Шӯрои хибрагон аз 88 курсӣ иборат аст. Дар интихоботи Эрон 55 миллион шаҳрванд ҳақ дорад овоз диҳад.