Украина бо ширкати кишоварзии Карҷилли Амрико қарордоде имзо кард, ки он бунёди терминали содироти ғалларо дар назар дорад. Сафири Амрико гуфт, ин терминал имкон медиҳад, ки Украина ба кишвари бузурги кишоварзӣ мубаддал шавад.
Ин қарордоди 100 миллион долларӣ дар ҳоле имзо мешавад, ки Украина бӯҳрони сиёсиро аз сар мегузаронад ва муноқишаи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина бо нируҳои ҳукуматӣ идома дорад.
Ҷефрӣ Пайет - сафири Амрико дар Украина дар маросими имзои ин қарордод гуфт, “Украина ҳоло кишвари бузурги тавлидкунандаи фаровардаҳои кишоварзист ва акнун ба кишвари бузурги кишоварзӣ табдил меёбад”.
Тақрибан аз чаҳор як ҳиссаи заминҳои ҳосилхези ҷаҳон дар Украина қарор дорад ва онро метавонад ба кишвари аслии тавлидкунандаи маводи хӯрока дар ҷаҳон табдил диҳад. Соли 2015 содироти фаровардаҳои кишварзии Украина 16,5 миллиард долларро ташкил дод.