Генерал Абдулрашид Дустум-раиси Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон эълон кард, ки дар минтақаҳои марзии Афғонистон бо Туркманистон дар вилояти Ҷузҷон бар зидди нируҳои зиддиҳукуматӣ амалиёти низомиро оғоз мекунад.
Шабакаҳои маҳалии телевизионӣ суханронии Дустум дар шаҳри Шибирғон дар назди сарбозону афсарони артиши миллӣ, пулис ва дастаҳои дифоъ аз худро нишон доданд.
Генерал Дустум аз ҷумла гуфт: “Ин қассобон, қотилон сарбозони моро сар буриданд. Ман худам пешниҳод кардам, мо бояд қасоси онҳоро бигирем”.
Ба гуфтаи вай, дар вулусволиҳои Дарзоб, Гурзивон ва Қуштеппа дар баробари Толибон тундравҳои Давлати Исломӣ низ ҳастанд.Дустум гуфт, ки дар амалиёти зери фармондеҳии вай 10 ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард. Нируҳо аз вилоятҳои Балх ва Сари Пул низ ба онҳо кӯмак хоҳанд кард.
Манобеи наздик ба генерал Дустум хабар додаанд, ки бештар аз 400 тундгаро, ки 50-60 нафари онҳо хориҷиҳо мебошанд, аз се ҳафта ба ин сӯ дар рустоҳои Хонақоҳ ва Туркманмиллии вулусволии Қуштеппа қарор доранд.
Сокинони ин рустоҳо ба ҷойҳои дигар фирор кардаанд ва дар ин рустоҳо тақрибан сокинони маҳаллӣ боқӣ намондаанд.