Аспу мошин - ҷоизаҳои гуштиву пойгаи наврӯзӣ

Шаҳрдории Душанбе дар Наврӯзи имсола ба беҳтарин паҳлавони мусобиқаи гуштии наврӯзӣ мошини сабукрав ва ба ғолиби пойгаи аспдавонӣ аспи зоти тоҷикӣ тақдим мекунад. Ношири ин хабар – хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 24 феврал хабар дод, ки тантанаҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 21 март аз як барномаи рангин дар Наврӯзгоҳ оғоз ёфта, рӯзи 22 март бо сайругашти оммавии идона дар сатҳи ноҳияиҳои шаҳр идома хоҳад ёфт. Рӯзи 23 март

дар боғҳои фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо, Боғи Устод Рӯдакӣ, кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав низ чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешаванд. Маросими Наврӯзи шаҳри Душанбе рӯзи 24 март бо як маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар маркази пойтахт ҷамъбаст хоҳад шуд.