Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Чин дар шаҳри Пекин бо фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт мавсум ба "Шаҳри бехатар" ошно шуд. Бино ба иттилои Маҳбуба Гул, корманди дафтари матбуоти ин вазорат, рӯзи 24 феврал Рамазон Раҳимзода пас аз шиносоӣ бо технологияи муосир, тарзи усулҳои корӣ ва самтҳои дигари "Шаҳри бехатар" тавсеаи ҳамкориҳо дар самти ин низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро бо ҷониби Чин матраҳ кардааст.
Ба қавли вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар пайи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани "Шаҳри бехатар" вазъи амниятӣ дар роҳҳои Душанбе, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо беҳбуд ёфтааст.
Ҳамзамон, ӯ ба камбудҳои мавҷуда, аз ҷумла, вуҷуди нуқсҳои фаннӣ ва расондани кумакҳои техникӣ дар ин росто таъкид кардааст. Кю Венчу, раҳбари ширкати "Ҳуавей" дар Осиёи Марказӣ зимни дидор бо Рамазон Раҳимзода гуфтааст, ин ширкат омода аст, дар рафъи камбудҳо ба ҷониби Тоҷикистон мусоидат кунад.