Бино ба иттилои манобеъи расмии Қазоқистон, дар ояндаи наздик аз ин кишвар ба Афғонистон Интернет интиқол хоҳад кард.
Дар ин замина дар ҷараёни дидори Абдулраззоқ Ваҳидӣ, вазири технологияи иттилоотии Афғонистон аз шаҳри Остона дар рӯзи 23 феврал созишнома имзо шуд.
Гуфта мешавад, интернети бо суръати баланд аз Қазоқистон тавассути Туркманистон ба Афғонистон интиқол дода шуда ва бад ин тартиб, сатҳи хизматрасонии технологӣ дар ин кишвар беҳтар ва ҳаққи хизматрасонӣ поин хоҳад шуд.
Феълан Афғонистон Интернетро умдатан аз Покистон дастрас карда, ниҳодҳои ироакунандаи Интернет дар ин кишвар аз суръати пасти он шикоят доштанд.