Дар Кобул рӯзи музокироти мустақимро эълон мекунанд

Намояндагони чаҳор кишвар, ки талош доранд, дар музокироти қатъи ҷанги миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон миёнҷигарӣ кунанд, умедворанд, ки 23 феврал дар Кобул дар мулоқоти худ рӯзи музокироти рӯ ба рӯ бо Толибонро таъйин кунанд.

23 феврал намояндагони Афғонистону Покистон Чину Амрико бори чаҳорум бо ҳам мулоқот мекунанд ва шарту шароити музокироти сулҳи Коул ва Толибонро баррасӣ менамоянд.

Ҷовид Файсал-муовини сухангӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроии Афғонистон изҳор дошт, ки намояндагони 4 кишвар дар Кобул то поёни моҳи феврал рӯзи музокироти рӯ ба рӯро эълон хоҳанд кард.

Намояндагони ин кишварҳо дар мулоқоти 6 феврали худ дар Исломободи Покистон ба тавофуқ расида буданд, ки намояндагони Толибонро низ ба музокироти Кобул даъват хоҳанд кард.

Тобистони соли гузашта музокироти сулҳ ба таъхир афтод. Он вақт хабари марги Мулло Муҳаммад Умар-раҳбари пешини Толибон ифшо шуда буд, ки ду соли пеш даргузаштааст.