Туркия курдҳои Сурияро дар таркиш муттаҳам медонад

Туркия мегӯяд, ки баъд аз таркиши марговар дар Анкара-пойтахти ин кишвар ҳавопаймоҳои ҷангиаш мавзеъҳои курдҳоро дар қаламрави Ироқ бомбаборон кардаанд.

Низомиён гуфтаанд, ки шоми 17 феврал баъд аз таркиш ҳавопаймоҳои ҷангии онҳо ба гурӯҳи 60-70 нафарии шӯришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей дар маҳале бо номи Ҳафтанин зарба задаанд.

Пештар аз ҳамлаҳои ҳавоӣ як мошини пур аз маводи тарканда дар Анкара тарконда шуд. Омилони ин таркиш автобусҳои ҳомили низомиёнро ҳадаф қарор дода буданд ва дар он 28 нафар ҷон бохтанд.

Аҳмад Довудоғлу-нахуствазири Туркия гуфт, ки дар робита бо ин таркиш 9 нафар боздошт шудаанд. Ба гуфтаи вай, ин таркишро ҷиноҳи мусаллаҳи Ҳизби курдҳои Сурия дар ҳамкорӣ бо шӯришиёни Ҳизби Коргарии Курдистони Туркия анҷом додаанд.

Аммо намояндагони расмии ин ду ҳизб изҳороти нахуствазири Туркияро рад кардаанд ва гуфтаанд, ки онҳо дар ин таркиш даст надоранд.